ҚИММАТИ СОХТМОНИ «САНГТӮДА-1» НА 600 МИЛЛИОН, 900 МИЛЛИОН ДОЛЛАР АСТ!

Декабрь 11, 2008 08:38

           Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, қиммати сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» на 600 миллион, балки ба 900 миллион доллари амрикоӣ мерасад. Ин аз он сабаб аст, ки нархи маҳсулоти сохтмонӣ торафт зиёд мегардад. Алҳол саҳмияи ҷумҳурӣ дар сохтмон 14 фоизро ташкил медиҳад. Сарфи назар аз боло рафтани қиммати маҳсулоти сохтмонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пардохт кардани маблағҳои иловагӣ на камтар аз 25 фоизи саҳмияҳоро бояд соҳиб шавад.  Ҳар қадаре, ки саҳмияи ҷумҳурӣ дар сохтмонҳои нерӯгоҳҳо зиёд бошад, ҳамон қадар зиёд фоида  ба манфиати ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Декабрь 11, 2008 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ