ҚОНУНШИКАНҲО САД МАОШИ ҲАДДИ АҚАЛ ҶАРИМА ШУДАНД

Декабрь 9, 2008 08:59

           Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми соли ҷорӣ дар ноҳияи Ваҳдат ду қонуншиканӣ доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба қайд гирифта шуд. Барои қонуншикании мазкур аз сокини деҳаи Бакарони Ҷамоати деҳоти Симиганҷ Азаматулло Қаландаров ва сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат Зебуниссо Каримова бо қарори суди ноҳия сад маоши ҳадди ақал ҷарима ситонида шуд, ки муодили 2 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.  Дар давоми даҳ моҳи соли 2008 дар ноҳия 4957 ҷашну маърака доир карда шуд, ки аз ин 416-тояш хатнатӯй, 3072 — тӯйи домодию арӯсӣ, 620 — маросими дафн, 449 — маросими чил ва 399-тои дигар маросими соланд. Дар ин маъракаҳо 999 чорвои калон ва 1113 чорвои хурд забҳ карда шудааст. Маблағи умумии хароҷоти ҷашну маросимҳо 15 млн. 444 ҳазору 653 сомониро ташкил додааст.

Декабрь 9, 2008 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд