ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ: «ТОҶИКИСТОН БОЯД ПУШТИБОНИИ СИЁСИЯШРО ИДОМА ДИҲАД!»

Декабрь 16, 2008 09:07

              Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова).- 14-уми декабри соли 2008 дар Париж бо ташаббуси ҷониби Фаронса, ки ҳоло роҳбарии Раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад, дар мавзӯи «Афғонистон ва ҳамсоягони он» мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои Афғонистон дар контексти минтақавӣ (саҳми кишварҳои ҳамсоя дар суботу амнияти Афғонистон; таъсири Афғонистон ба суботи минтақа), мубориза бо маводи мухаддир ва терроризм, ҳамкории иқтисодии минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар мулоқот ҳайатҳои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, намояндаи махсуси Котиби кулли СММ дар Афғонистон Кай Эйде, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати муштараки сиёсӣ ва амниятӣ Х.Солана, комиссари Аврупо оид ба робитаҳои хориҷӣ Б.Ф. Валднер, намояндагони кишварҳои узви доимии Шӯрои амнияти СММ, инчунин Олмон ва Италия иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ намояндагӣ кард. Дар суханронии худ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ таъкид намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд пуштибонии доманадори сиёсӣ, низомӣ ва гуманитарии худро ба Афғонистон идома дода, ба ӯҳдадориҳои дарозмуддати хеш дар бозсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содиқ монад. Зикр шуд, ки Афғонистон барои Тоҷикистон беш аз як ҳамсоя аст. Тоҷикистон амнияти худ ва минтақаи Осиёи Марказиро бе барқарорсозии амну субот дар Афғонистон тасаввур намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳукумати ӯ ҷонибдорӣ менамояд. Ҷиҳати таъмини рушди босуботи Афғонистон, лозим дониста шуд, ки ин кишвар ба мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодии минтақавӣ ба равандҳои интегратсионӣ ҷалб гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори иштироки фаъоли Афғонистон дар созмонҳои минтақавӣ, аз қабили Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва ғайра мебошад. Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои харидани барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, барқарорсозӣ ва сохтмони иншоот ва зербинои иқтисодии Афғонистон, пеш аз ҳама шоҳроҳҳои байналмилалии транзитӣ, роҳҳои оҳан, сарбандҳо ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва ғайра мусоидат намояд. Дар масъалаҳои амниятӣ иштироки фаъолонаи ҷомеаи байналмилалӣ дар кори ташаккул ва тарбияи артиши миллӣ, полис ва дигар сохторҳои қудратӣ ба мақсади таъмини сулҳу субот ва осоиштагӣ дар саросари кишвар лозим аст. Дар ин робита Тоҷикистон омода аст дар омӯзиши афсарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи барномаҳои БОМКА/КАДАП, Академияи сарҳадбонони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки дар Душанбе кушода мешавад, саҳм гирад. Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ таҷрибаи фаровон андӯхтааст. Истифодаи ин таҷриба дар барқарорсозии сулҳу амният дар Афғонистон бо иштироки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, пеш аз ҳама СММ, инчунин кишварҳои ҳамсоя муфид мебошад. Яке аз сабабҳои комёб нашудани қувваҳои эътилофӣ дар Афғонистон набудани ҳамоҳангии лозима байни ҷонибҳои гуногун дар барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар мебошад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд, ки дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи Афғонистон баргузор гардад. Ҳар қароре, ки дар мавриди Афғонистон қабул мегардад, бояд ҳатман бо иштироки бевоситаи роҳбарият ва мардуми ин кишвар ва бо дарназардошти тамоми пешниҳодҳои он сурат гирад.           Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Додфар Спанто дар суханронии худ зарурати ноил гаштан ба сулҳи ҳамагонӣ, то охир решакан намудани терроризм ва экстремизм дар кишвар, даст ёфтан ба рушди пойдори иқтисодӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддирро таъкид намуд. Ӯ инчунин қайд кард, ки амалӣ гаштани лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, махсусан сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва бунёди хатти интиқоли барқ ва роҳи автомобилгарди Қирғизистон-Афғонистон-Тоҷикистон, истифодаи оби дарёи Ому барои инкишофи соҳаи кишоварзӣ барои Афғонистон аҳамияти зиёд доранд. Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати муштараки хориҷӣ ва амниятӣ Х.Солана ва комиссари Аврупо оид ба робитаҳои хориҷӣ Б. Ф. Валднер аз амалӣ гардидани лоиҳаҳои мазкур ҷонибдорӣ намуда, изҳор карданд, ки Комиссияи Аврупо омода аст анҷом додани омӯзиши техникию иқтисодии лоиҳаҳоро ба ӯҳда гирад. Ҳангоми муҳокимаи мавзӯи барқарорсозии иқтисоди Афғонистон ба рушди зербинои ин кишвар, сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард, барқарор намудани хатҳои ҳавоӣ, инкишофи телекоммуникатсия ва ғайра таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин робита, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ аҳамияти пулҳоеро, ки аз болои дарёи Панҷ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сохта шудаанд (махсусан пули Дӯстӣ), таъкид намуда, зарурати сохтмони боз як пули дигарро дар минтақаи Кокул зикр кард. Қайд шуд, ки ба истифода додани пулҳои мазкур ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзудани ҳаҷми додугирифти Афғонистон бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа мусоидат намудааст. Гузашта аз ин, вазири корҳои хориҷии кишвари мо аз Иттиҳоди Аврупо даъват ба амал овард, ки барои афзудани имкониятҳои транзитии Афғонистон ва таъмин намудани рушди иқтисоди ин кишвар аз роҳу пулҳои Тоҷикистон ва зарфиятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба таври васеъ истифода намояд. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавриди барқарорсозии иқтисоди Афғонистон аз ҷониби намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва аксари вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунанда дастгирӣ ёфт. Қарор қабул шуд, ки дар Брюссел бахшида ба мавзӯи Афғонистон дар сатҳи коршиносон мулоқот баргузор гардад.          

Декабрь 16, 2008 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«АНДАЛЕБ-2025». Ҳунармандони Ҳисор дар даври минтақавии фестивал-озмун соҳиби холи баланд гардиданд
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид