ҲХДТ БА КУЛЛИ СОКИНОНИ БАДАХШОН ХИЗМАТ МЕРАСОНАД
Хоруғ, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев).- Дар шаҳри Хоруғ маҷлиси Комиҷроияи вилоятии ҲХДТ баргузор гардид. Дар маҷлис қарор дода шуд, ки минбаъд намояндагони ҳизб дар вақтҳои муайян шаҳрвандонро дар маҳалҳои гуногун қабул намоянд. — Вақти он расидааст, ки арзу ниёзи мардумро аз ҳарвақта дида бодиққаттар гӯш кунему барои ҳалли ин ё он мушкилот ба онҳо мадад расонем. Ба ин хотир, мо ба назоратхонаҳои шаҳру навоҳӣ муроҷиат мекунем, то даме, ки мушкилоти ниёзмандон ҳал нашавад. Қабулгоҳи ҳизб танҳо барои аъзои ҲХДТ дар вилоят набуда, барои кулли сокинони Бадахшон хизмат мерасонад,- гуфт раиси Комиҷроияи бахши бадахшонии ҲХДТ Қурбонҳусейн Худоиев.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






