5500 СОМОНИИ СОКИНИ СУҒДРО БА ЯҒМО БУРДАНД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар». Анварбек Сиддиқов).- Сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Абдуғанӣ Абдураззоқови 41-сола ба шӯъбаи корҳои дохилии ҳамин ноҳия шикоят кард, ки 5-6-уми декабри соли ҷорӣ шахсони номаълум ба хонаи ӯ ворид шуда, 1300 сомони пули нақд ва тилловорӣ, ҷамъ ба маблағи 5500 сомонӣ моликияташро ба яғмо бурдаанд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯиро идома дода истодаанд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






