АКНУН ДУШАНБЕРО ДАР ТАВИЛДАРА МЕБИНАНД
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Тавилдара Мирзо Сафаров, дар арафаи Иди Қурбон бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ антенаҳои мавҷгири телевизиони «Сафина» ва «Баҳористон»-ро дар ноҳияи Тавилдара насб намуданд. Акнун сокинони ду ҷамоати деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ — Миёнаду ва Сангвор тавассути мавҷгирҳои насбшуда барномаҳои се шабакаи телевизионии Душанберо тамошо карда метавонанд. Лозим ба ёдоварист, ки ин амали нек ҳангоми сафари кории Президенти кишвар ба ин минтақаи ҷумҳурӣ аз ҷониби сокинони ин ҷо дархост карда шуда буд. Акнун фазои иттилоотии кишвар боз як ноҳияро фаро гирифта, мардумро ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ тавассути намоишҳои телевизион беҳтар ошно месохтагӣ хоҳад шуд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






