БАРРАСИИ БАРНОМАИ ҲИФЗИ ИБОДАТХОНАИ БУДДОӢ ДАР АҶИНАТЕППА

Декабрь 12, 2008 10:20

            Душанбе,  12  декабр.(АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). – Имрӯз  дар  Душанбе  маҷлиси  хотимавии  кумитаи  ҳамоҳангсоз  бахшида ба   барномаи  нигоҳ  доштан  ва  ҳифз  кардани  ибодатхонаи  буддоӣ  дар  Аҷинатеппа  баргузор  мегардад. Барномаи  мазкурро ЮНЕСКО  ва Бунёди  фарҳангии  Ҷопон  пешниҳод  кардаанд. Иштирокчиёни  маҷлис  даври  хотимавии   иҷрои  барномаро  мувофиқи  нақшаи  кории  соли  2008  ва тадбирҳои  минбаъдаи  ҳифзи  ин  ёдгории  қадима  баррасӣ  менамоянд.  Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  маҷлис  намояндагони  вазоратҳои  корҳои  хориҷӣ,  фарҳанг,  Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ,  Бунёди Кластери  ЮНЕСКО  дар  Алмаато,  аъзои  комиссияи  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  масъалаҳои  ЮНЕСКО, коршиносони  байналхалқӣ  ва  ҳамоҳангсози  миллии  барнома  ширкат  меварзанд.

Декабрь 12, 2008 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид