«БЕШАИ ПАЛАНГОН» МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ НАДОРАД! ЧАРО?

Декабрь 3, 2008 08:59

             Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зист 70-солагии «Бешаи Палангон»-ро ҷашн гирифт. Мамнӯъгоҳи «Ромит», ки аз «Бешаи Палангон» камӣ надорад, аз ёдҳо фаромӯш гардидааст,- иброз намуданд дар шаҳраки Ромит ба мухбири АМИТ «Ховар». Бояд зикр намуд, ки ба мамнӯъгоҳи «Ромит» солҳои 80-90-и асри гузашта садҳо зоти ҳайвони гуногун оварда сар дода буданд. Аз оҳуи бухороӣ то қашқалдоқу рӯбоҳи кабуд дар ин мавзеъ ҳаёт ба сар мебурд. Солҳои 1990-95 қариб тамоми ҳайвоноти гӯшташ истеъмолшаванда ва пӯсташ лозимӣ нобуд карда шуд. «Бешаи Палангон» бошад, мақоми байналмилалӣ надорад. Пас, сайёҳоне, ки ба тамошои мамнӯъгоҳҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд ва метавонанд ба буҷаи ҷумҳурӣ садҳо ҳазор доллар ворид намоянд, дар куҷо сайру чиро сайд кунанд!?     

Декабрь 3, 2008 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд