БО ФАРМОНИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ СИТОДИ ДОИМОАМАЛКУНАДА ТАЪСИС ДОДА ШУД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2008-2009» бо фармони Вазорати кишоварзӣ дар ҳамаи вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунандаи зимистонгузаронии чорво таъсис дода шудааст. Ситод рафти тайёрӣ ба зимистонгузаронии чорворо дар ҳамаи хоҷагиҳои чорвопавари ҷумҳурӣ зери назорат қарор дода, захираи хошоки дурушт, алафҳои ширадор ва дигар воҳиди хӯрокаи чорворо санҷида, ба кори чорводорон баҳо медиҳад. Комиссия кори худро дар се гурӯҳ ба вилоятҳои ҷумҳурӣ сафарбар намуд. Санҷиш дар вилоятҳои Хатлону Суғд оғоз ёфтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






