ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ БИНОҲО БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД

Декабрь 24, 2008 09:22

          Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар арафаи Соли Нави мелодии 2009 дар пойтахт 3 бинои 12-ошёнаи 65-ҳуҷрадор ва як бинои 5-ошёнаи 60-ҳуҷрадор воқеъ дар кӯчаи Навбаҳор, ду бинои 9-ошёнаи 80-ҳуҷрадор дар кӯчаҳои Н.Қарабоев ва Ҷомӣ, 2 бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Испечаки пойтахт ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, корҳои мустаҳкамкунӣ ва таъмири асосии мактаби №54-и ноҳияи Сино, сохтмони корпуси иловагии мактаби №5-и ноҳияи Фирдавсӣ ба анҷом расонида мешавад. Инчунин, корҳои муҳандисию коммуникатсионӣ, аз қабили таъмири хати берунаи обпартои қисми марказии шаҳраки 193-и маҳаллаи Ховарон, таъмири асосии Маркази саломатии №6, барқарорсозии дегхона ва низоми дохилии гармидиҳии Маркази саломатии шаҳрӣ, гармидиҳии таваллудхонаи №3-и пойтахт,  барқарорсозии дегхонаи мактаби №75-и шаҳри Душанбе, азнавсозии хиёбони Ҳ. Шерозӣ ва таҷдиди баъзе қисмати роҳҳои пойтахт анҷом дода мешавад.  

Декабрь 24, 2008 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад