ДАР ВМКБ НАРХИ БЕНЗИН ПАСТ МЕШУДА БОШАД!?
Душанбе, 24-уми декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, нархи як литр бензин дар ҷумҳурӣ ба ду сомонию 20 дирам баробар шудааст. Вале дар баъзе вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ сарфи назар аз паст шудани нархи сӯзишворӣ, роҳкиро мисли пештара қиммат аст. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан Хоруғу Ванҷ нархи роҳкиро алҳол бетағйир мондааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ронандаи мусофирбари ноҳияи Ванҷ Дилшод Зиёев иттилоъ дод, имрӯз нархи бензин дар худи ноҳия мисли аввала баланд аст. Фурӯшандагон нархи сӯзишвориро паст накардаанд. Аз ин сабаб, мо ҳам роҳкирорро кам карда наметавонем, — гуфт ӯ. Тибқи иттилои мусофирон, имрӯз роҳкирои таксӣ аз Хоруғ то Душанбе ва аз Душанбе то Ванҷ 150-180 сомониро ташкил медиҳад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






