ДАР ВОДИИ КӮЛОБ 31 НАФАР ГИРИФТОРОНИ СПИД ФАВТИДАНД
Кӯлоб, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи бемории СПИД шумораи нави гирифторони ин мараз дар водии Кӯлоб бозгӯ шуданд. Бар асоси гуфтаи директори Маркази мубориза алайҳи СПИД-и шаҳри Кӯлоб Тоир Туманов, то имрӯз дар навоҳии минтақаи мазкур 176 нафар гирифторони СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки миёнашон 34 зан ва ду кӯдак низ ҳаст. Қисми бештари гирифторони ин касал сокинони бумии шаҳри Кӯлобанд. Бояд гуфт, ки то имрӯз 31 нафар гирифторони СПИД дар водии Кӯлоб фавтидаанд. Тоир Туманов мегӯяд, ки миёни маризон 109 нафар нашъамандонанд. Дар шаҳри Кӯлоб утоқҳои дӯстона фаъол карда шудаанд, ки муроҷиаткунандагонро ба таври махфӣ аз ташхис мегузаронанд. Муолиҷаи беморон бо кӯмаки ройгони Хазинаи глобалӣ роҳандозӣ шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кӯлоб дар самти мубориза алайҳи СПИД ва роҳҳои пешгирии он ду чорабинии калон баргузор гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






