ДАСТАИ НАВИ ҲУНАРӢ БЕҲТАРИН ҲУНАРМАНДОНРО ҶАМЪ ОВАРДААСТ
Хоруғ, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев).- Дар заминаи Театри вилояти Бадахшон дастаи ҳунарии «Навои Бадахшон» ба фаъолият оғоз намуд. Тавре роҳбари даста Абдулшаҳид Саодатшоев иттилоъ дод, ӯ беҳтарин ҳунармандонро дар атрофи худ ҷамъ овардааст. «Навои Бадахшон» аллакай дар шаҳру навоҳии вилоят ҳунарнамоӣ намуд. Мухлисони савту суруд ба ҳар баромади санъаткорон баҳои баланд доданд. Зеро чанд соли охир бар асари корношоям гардидани бинои театри вилоятӣ, сафарҳои ҳунарии ҳофизону мутрибони касбӣ ба ноҳияҳои вилоятӣ қатъ гардида буд. Роҳбари идораи фарҳанги вилоят Муҳиддин Паншанбиев изҳор дошт, ки то оғози фаъолияти театри вилоятӣ санъаткорони гурӯҳи навтаъсис инчунин мақсад доранд ба сафари ҳунарии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бароянд. Бояд зикр намуд, ки тибқи нақша, корҳои таъмиру азнавсозии театри вилоятӣ ба роҳ монда шудааст. Барои анҷоми таҷдиди ин иншоот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 млн. 63 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






