ДЕҲҚОНОНИ ХУРОСОН ҚАРЗҲОЯШОНРО БАРМЕГАРДОНАНД
Қӯрғонтеппа, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Мизоҷони филиали дар ноҳияи Хуросон будаи «Тоҷпромбонк» то имрӯз бештар аз сад ҳазор сомонӣ қарзҳои гирифтаашонро баргардонданд. Директори шӯъбаи 63 – юми бонки мазкур дар ноҳияи Хуросон Бобохӯҷа Рустамов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия барои парвариши пахта ба маблағи қариб 743 ҳазор сомонӣ қарз дода шуда буд. Онҳо аллакай ба баргардонидани қарзҳояшон шурӯъ намуданд, гуфт Б.Рустамов. Филиали «Тоҷпромбонк» дар ноҳияи Хуросон 47 хоҷагии деҳқонии ноҳияро бо маблағ таъмин менамояд. Ба қавли Б.Рустамов, имрӯз дар масъалаи баргардонидани қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ ягон проблема вуҷуд надорад. Вале вобаста ба шароити ғайричашмдошт, аз ҷумла, шароити иқлим, хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд қарзҳояшонро аз мӯҳлати муқарраршуда дертар баргардонанд, гуфт Б. Рустамов.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






