ХОҶАГИИ НАВТАЪСИС САРШУМОРИ ҚУТОСҲОРО ЗИЁД МЕКУНАД
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфтаи сардори хоҷагии фермерии «Булункӯл» Эсеналӣ Жолукеев татбиқи барномаи қутоспарварӣ имкон дод, ки ин ҳайвони нодир аз нобудшавӣ нигоҳ дошта шавад. Хоҷагии фермерии «Булункӯл» соли 2006 дар заминаи хоҷагии давлатии зотпарварии «Булункӯл» таъсис ёфт. Боиси зикр аст, ки дар хоҷагии зотпарварии «Булункӯл» соли 1970 12 ҳазор сар қутос парвариш карда мешуд. Саршумори қутос дар хоҷагии зотпарварии «Булункӯл» то соли 1999 ба 8600 сар расид. Танҳо соли 2000 — ум камшавии саршумори қутосҳо дар фермаҳои кутоспарварии Башгумбез ва Аличул пешгирӣ шуд. Хоҷагии фермерии «Булункӯл» вақти таъсисёбиаш соли 2000- ум ҳазор сар қутос дошт. Дар давоми ду соли фаъолияти хоҷагии навтаъсис саршумори қутосҳо ба 1600 сар расонида шуд. Ба гуфтаи сарвари хоҷагӣ, то соли 2010 саршумори қутосҳо ба давраи соли 1970 баробар хоҳад шуд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






