ИФТИХОРНОМАҲОИ САФОРАТИ РУСИЯ БА ФАЪОЛОНИ ҶАМЪИЯТҲОИ МИЛЛӢ СУПОРИДА ШУДАНД
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Намояндаи муваққатии ваколатдори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний ва роҳбарияти намояндагии Созмони ҳамкориҳои фарҳангии Русия бо ҳамдиёрони хориҷӣ ба муносибати фаро расидани Соли нав дар Кохи Ҷомӣ барои намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва роҳбарони ҷамъиятҳои гуногуни миллии Русия дар Тоҷикистон зиёфати идона оростанд. Баъди маросими расмии ҷамъомад ба ҳозирон бо иштироки ҳунарпешагони тоҷику рус консерти калон намоиш дода шуд. Намояндагони сафоратхонаи Русия дар Душанбе дар фарҷоми ҷамъомад ба роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ҷамъиятҳои миллии Русия дар Тоҷикистон ифтихорномаҳо супориданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






