ИШТИРОКИ ШИРКАТҲОИ ПОЛША ДАР СОХТМОНИ НЕРӮГОҲҲОИ ХУРДИ ҶТ

Декабрь 3, 2008 10:34

Душанбе. 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —  Дирӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид ва ноиби раиси Палатаи савдо ва саноати Полшаву Туркия Грзегорс Кобилетский вохӯрӣ гузарониданд. Миёни ин палатаҳо Созишнома ба имзо расид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, санади мазкур фарогири ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо мебошад. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои иштироки ширкатҳои Полша дар фаъолияту рушди бахши кишоварзии ҷумҳурӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ва истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Декабрь 3, 2008 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад