КӮМАК БА МӮҲТОҶОН

Декабрь 9, 2008 16:17

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова, Пайрав Назаров).-  Намояндагии созмони  «Оператсион мерки» — и дар Тоҷикистон ҳамроҳи вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар арафаи Иди Қурбон  ба  хона- интернати бачагони ноқисулақли ноҳияи Ҳисор кӯмаки хайрия расонд. Ба муносибати ин  иди  Саид ба  бачагон 500 килограм орд, 100 килограм шакар, 2 аробачаи маъюбӣ ва 5 ҷуфт асобағал тӯҳфа карда шуд. Маблағи кӯмаки хайрия  2 ҳазору 244 сомониро ташкил медиҳад. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба муносибати Иди Қурбон ба тарбиягирандагони хона- интернати ноҳияи Қубодиён ба маблағи қариб 2 ҳазор сомонӣ  кӯмаки хайрия расонд. Бо ин маблағ барои тарбиягирандагони хона — интернат маводи хӯрока, аз ҷумла орду биринҷ, равған  ва либоси гарм харида шуд.

Декабрь 9, 2008 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст