МАҚОМОТИ ҲИНДУСТОН АЗ ҲУҶУМҲОИ ҲАВОИИ ТЕРРОРИСТОН ДАР ҲАР
Деҳлӣ, 4 декабр. (АМИТ «Ховар» — Радиостансияи Маяк).- Рӯзҳои охир дар майдонҳои ҳавоии шаҳрҳои Деҳлӣ, Бангалор ва Ченнаӣ тадбирҳои иловагии амниятӣ андешида шуданд. Матбуоти маҳаллӣ хабар медиҳад, ки қарори мазкур баъди изҳороти вазири мудофиаи мамлакат дар бораи имконияти ҳуҷумҳои ҳавоии террористон қабул карда шуд. Ба қавли вазир, террористон метавонанд амалиёти ҷинояткоронаи соли 2001 дар Ню-Йорк анҷомдодаашонро дар Ҳиндустон такрор кунанд.