МАҶАЛЛАИ « ФОРУМ ПЛЮС» АЗ ЧОП БАРОМАД

Декабрь 2, 2008 15:25

           Маскав, 2  декабр. АМИТ «Ховар»,   Ҳалима  Хушқадамова). – Дар  Маскав   шумораи  махсуси  маҷаллаи  «Форум  плюс»  аз  чоп  баромад, ки   нашрияи  Бунёди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарӣ ва  Шӯрои  ҳамкории  гуманитарии  давлатҳои ИДМ  мебошад. Ин  шумораи  маҷалла  ба  воқеаи  муҳимтарини имсолаи   фарҳангии  мамлакатҳои  ИДМ – мулоқоти  сеюми  намояндагони  зиёиёни  илмӣ ва  эҷодкори  мамлакатҳои  ИДМ  бахшида  шудааст. Дар  саҳифаи  аввали он  суханони  Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  иқтибос  шудаанд, ки  гуфта  буд, «маҳз  маърифат,  фарҳанг ва  илм  сифати  зиндагии  ҳар  фардро  ташкил  дода,  ба  манфиатҳои он  бевосита  дахолат  мекунанд».           Дар  мақолаи  «В слове «Душанбе» душа  на  первом  месте»  дар  бораи  маросими  супоридани  ҷоизаҳо  ба  ғолибони  озмуни «Адибони  ҷавони  Иттиҳод»  нақл  карда  мешавад, ки  дар  Душанбе бо  иштироки   Сардори  давлати  Тоҷикистон   баргузор  гардида  буд. Мухбири  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шумораи  махсуси маҷалла  ба  иштирокчиён  ва  меҳмонони  мулоқоти роҳбарони воситаҳои  ахбори оммавии  мамлакатҳои  ИДМ  тӯҳфа  карда шуд, ки  имрӯзҳо  дар  Маскав  давом  дорад.

Декабрь 2, 2008 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад