МАШВАРАТИ КОРШИНОСОН
Маскав, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Имрӯз дар Ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар пойтахти Русия бахшида ба масъалаҳои такмили низоми идораи қувваҳо ва воситаҳои ҷузъу томҳои таъминкунандаи амнияти дастаҷамъи машварати коршиносон баргузор мегардад. Дар машварат намояндагони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои СААД, котибот ва ситоди муттаҳидаи созмон ширкат доранд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки машварат мувофиқи нақшаи кори Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бахшида ба масъалаҳои сиёсати берунӣ, мудофиа ва таъмини амният гузаронида мешавад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






