МУЛОҚОТИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРӢ

Декабрь 2, 2008 14:40

          Душанбе, 2  декабр. АМИТ «Ховар»,   Мавҷуда  Давлатзода). – Вазири  адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Бахтиёр  Худоёров  дар  маҷлиси  навбатии  Шӯрои  вазирони адлияи  назди Кумитаи  ҳамгироии  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  иштирок  дорад, ки  имрӯз  дар  шаҳри  Санкт – Петербург  кушода  шуд. Дар  маҷлис  масъалаҳои  ҳамкорӣ  ва  ҳамгироии  мамлакатҳои  аъзои  ҷомеа  дар  соҳаи  ҳуқуқ,  аз  ҷумла,  ҳамоҳанг  сохтани  қонунҳо,   ташакккул  ва  амалӣ  сохтани  сиёсати  ҳуқуқ,  инчунин  бунёди  заминаи  ягонаи  иттилоотию  ҳуқуқии  давлатҳои  аъзои  ҷомеа  муҳокима  мешаванд. Ҳамчунин  муқаррар  намудани  муносибатҳои  умумӣ  барои  такмилу ташаккули  ҳамкории   давлатҳои  аъзои  ҷомеа  дар  масъалаҳои  амалӣ  сохтани  қарори  судҳо,  фаъолияти   вакилони  дифоъ ва  низоми ҷиноию иҷрои  ҳукм  идома  дода  мешавад.            Вазирони  адлияи  давлатҳои  аъзои  ҷомеа  маҷмӯи  масъалаҳоро   дар  бобати коҳиш  додани   зуҳуроти   ришвахӯрӣ  баррасӣ  намуда, роҷеъ  ба  гузаронидани  ташхиси  зидди  ришвахӯрӣ  дар  ҳуҷҷатҳои  меъёрию  ҳуқуқӣ  таҷриба  иваз  мекунанд. 

Декабрь 2, 2008 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад