МУРҒИМАРҶОНПАРВАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи мушовири миллии лоиҳа оид ба тренинг ва гендер Сафаралӣ Наимов, барномаи ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) дар 6 ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ мешавад. Бо мақсади амалӣ шудани лоиҳа, ки аз се қисм иборат аст, дар навбати аввал 400 нафар занони кӯдакдори бесаробони ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Балҷувон ва ноҳияи Ёвон ба гурӯҳи кӯмакгирандагон ворид карда шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, ба занҳои ба гурӯҳи ёригирандагон дохил шуда 2-тогӣ меши бордоршуда ва 5-тогӣ мурғи марҷон дода мешавад. Тибқи шартҳои лоиҳа, баъди як сол 2 барра ва 5 мурғи марҷонро аз ин гурӯҳ ба гурӯҳи дигари занҳои камбизоат то давраи пурра бо чорвою мурғи марҷон таъмин шудани ҳамаи занони бесаробонмонда дода мешаванд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






