ОХИРИН САБЗАВОТИ ТИРАМОҲӢ АЗ ҚИТЪАҲО ҶАМЪОВАРӢ МЕГАРДАД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, охирин сабзавот ва зироатҳои полезӣ аз қитъаҳои ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ мегарданд. Соли ҷорӣ истеҳсоли сабзавот дар корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба 211,5 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин ба 65 фоизи нақша баробар аст. Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 179,4 сентнерӣ расониданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 5,4-сентнерӣ зиёд аст. Ҷамъоварии зироатҳои полезӣ ва сабзавот дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ — фермерӣ то 1-уми декабри соли ҷорӣ ба 222 ҳазору 649 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба андозаи 124 ҳазору 79 тонна зиёд мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






