ОЗМУН БАРОИ МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗ ӮИ БЕМОРИИ СИЛ
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи «ХОУП» — Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мегардад, ҷиҳати иштироки воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ дар озмун барои мақолаи беҳтарин дар мавзӯи бемории сил озмун эълон мекунад. Аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чорабинии мазкур бо дастгирии Барномаи миллии мубориза бо бемории сил ташкил карда шудааст. Бояд гуфт, ки маблағи умумии ҷоизаҳои озмун 1000 доллари ИМА буда, он байни се нафар тақсим карда хоҳад шуд. Матолиб то 20-уми марти соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






