СЕРТИФИКАТИ «ТОҶИКСТАНДАРТ» САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МЕГИРАД

Декабрь 9, 2008 11:36

        Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тайи се сол мешавад, ки намояндаи Созмони умумиҷаҳонии савдо Елизавета Паркам ҷиҳати омӯзиши озмоишгоҳҳои ташхиси маводи хӯрокаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони ин озмоишгоҳҳо ҳамкорӣ менамояд.         Аз маркази матбуоти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад, аз 24-уми ноябр ин ҷониб ӯ ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан бо вазъи дастгоҳҳои озмоишгоҳҳои Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» аз озмоишгоҳҳо дидан намуда, қариб ба ҳамаашон баҳои мусбат додааст. Ҳадафи аслии омӯзиши озмоишгоҳҳои ташхиси маводи хӯрока, аз ҷониби намояндаи СУС ваколатдор намудани озмоишгоҳҳои Агентии «Тоҷикстандарт» дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки дар сурати ваколатдор шудани ин озмоишгоҳҳо, сертификатсияи Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» дар сатҳи байналмилалӣ мақбул мегардад. 

Декабрь 9, 2008 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад