ШУМОРАИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲИ ХАРКОВ МЕАФЗОЯД?

Декабрь 9, 2008 09:47

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Дар шаҳри Душанбе филиали Донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина кушода мешавад. Дар ин хусус Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ректори Донишгоҳи Харков Леонид Таважнянский зимни сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Украина ба тавофуқ расиданд,- хабар медиҳад сомонаи интеретии atn.kharkov.ua. Бино ба иттилои сарчашма, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки бисёр мутахассисони тоҷик дар ин мактаби олии шаҳри Харков таълим гирифтаанд. Аз ин рӯ, Президенти Тоҷикистон аз ректори донишгоҳ дархост намудааст, ки шумораи квота барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин донишгоҳ зиёд карда шавад. Инчунин, қайд гардидааст, ки айни замон дар ин донишгоҳ 30 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Аз ин хотир, афзоиш додани квотаҳои мутахассисоне, ки Тоҷикистон ба онҳо ниёз дорад, заруру саривақтист. Эмомалӣ Раҳмон таъқид кардааст, ки ҳадди ақал на камтар аз 100 донишҷӯи тоҷик бояд дар ин даргоҳи илм таҳсил кунанд.

Декабрь 9, 2008 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд