ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ШАҲРИЁРИ ШЕЪРИ ФОРСӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Ба ифтихори 101-умин солгарди шоири шаҳири эронӣ Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он донишмандони шинохати Тоҷикистону Эрон ва донишҷӯёни факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок карданд. Зимни ифтитоҳи нишаст декани факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар зикр кард, ки Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр, яке аз чеҳраҳои саршиноси адабиёти муосири Эрон буда, ашъори пурғановати ӯ дар барномаҳои дарсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯхта мешавад. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва раиси Ройзанаи фарҳангии Эрон дар Душанбе Қаҳрамон Сулаймонӣ ва дигар донишмандон доир ба нақши шоир Шаҳриёр дар рушду такомули адабиёти муосири Эрон ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки Шаҳриёр аз зумраи шоиронест, ки бо ду сабк-сабки классикӣ ва сабки нав шеър эҷод намудааст. Шоир дар тӯли 50 соли эҷодиёташ тавонистааст дар рушди адабиёти муосири Эрон нақши босазое гузорад. Шаҳриёрро дар адабиёти муосири Эрон ҳамчун шоири ғазалсаро мешиносанд. Ғазалиёти пурошӯби шоир бештар дар пайравии ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ эҷод шудааст. Ашъори оламшумули Ҳофиз манбаъи илҳоми Шаҳриёр буд. Шаҳриёр бо эҷодиёти чанд манзума, аз ҷумла «Ба Ҳайдарбобо салом» ва марсияи «Эй вой модарам» такони бузурге дар адабиёти муосири Эрон ба вуҷуд овард. Ашъори дилошӯби Шаҳриёр солҳост, ки миёни мардуми тоҷик ошност ва аз ҷониби овозхонони шинохтаи тоҷик суруда мешаванд. Шаҳриёр зодаи шаҳри Табрез буда, соли 1907 ба дунё омада. соли 1987 оламро падруд гуфтааст.Чандин маҷмӯаи шоир дар Тоҷикистон чоп шудааст. Дар анҷоми ҳамоиш ҳунармандони шинохтаи тоҷик Давлатманд Холов ва Қурбоналӣ Раҳмонов аз ашъори Шаҳриёр ғазалҳо сароиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






