ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗИ ГЕНЕРАЛИ НАХУСТИНИ ТОҶИК
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо кӯмаки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон имрӯз бахшида ба 100 — солагии рӯзи таваллуди генерали нахустини тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов ҷамъомади калон гузаронида мешавад. Ҷамъомад дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа гузаронида мешавад, ки номи Мастибек Тошмуҳаммадовро дорад. Дар ин ҷо барои абадӣ гардонидани хотираи генерал лавҳаи ёдбуд гузошта шудааст. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин муносибат дар бораи ҳаёту фаъолияти генерал Мастибек Тошмуҳаммадов таҳти унвони «Тақдир», китоберо ба чоп расонд. Китоб дар байни ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ва қисмҳои харбии мамлакат паҳн карда мешавад.








Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






