«ТАЛКО» ИСТЕҲСОЛРО КАМ КАРДА, ҒАМИ МАРДУМРО МЕХӮРАД?
Душанбе, 24-уми декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Корхонаи воҳиди давлатии «Алюминийи Тоҷикистон» («Талко») истеҳсоли алюминийро ба андозаи 10 фоиз кам кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии ширкати мазкур Саёҳат Қодирова иттилоъ дод, ин иқдом баҳри кам кардани истифодаи нерӯи барқ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ дар мавсими зимистон равона гардидааст. Кам кардани истеҳсоли алюминий ҳамчунин бо сабаби паст шудани нархи он дар бозори ҷаҳонӣ сурат мегирад. Бояд гуфт, ки дар корхона сол то сол афзоиши истеҳсоли алюминий ба мушоҳида мерасад. Соли 2007 истеҳсоли алюминий ба 421 ҳазору 450 тонна расонида шуд, ки ин шумора нисбат ба соли 2006 аз 5 тонна бештар буд. Соли равон бошад, ба 427 ҳазор тонна расонидани истеҳсоли алюминий пешбинӣ гардида буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






