ТЕАТР БАЪДИ ТАНАФФУСИ ТӮЛОНӢ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД
Хоруғ, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Театри мусиқию драмавии шаҳри Хоруғ баъди танаффуси тӯлонӣ бо барномаҳои рангини консертӣ ба сафари ҳунарӣ баромад. Дастаи ҳунарии «Навои Бадахшон», ки дар заминаи театр таъсис ёфтааст, таҳти сарпарастии ҳофизи хушовоз Абдушаҳид Саодатшоев бо барномаи консертӣ ба навоҳии Шуғнону Роштқалъа сафар кард. Ҳунарпешагонро дар ҷамоатҳои деҳоти Роштқалъаю Тусиёни ноҳияи Роштқалъа ва ноҳияи Шуғнон самимона истиқбол гирифтанд. Тавре роҳбари Раёсати фарҳанги вилоят Муҳиддин Пайшамбеев иттилоъ дод, рӯзҳои наздик дастаи ҳунарӣ дар деҳаҳои навоҳии Рӯшону Ванҷ бо консерт баромад мекунанд. Аз моҳи феврал бошад, ба сафари ҳунарии шаҳру навоҳии вилоятҳои ҷумҳурӣ мебароянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






