ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҲАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИКИСТОНӢ АСТ

Декабрь 15, 2008 10:25

      Маҷаллаи «Тоҷикистон» вориси маҷаллаи ҳизбии «Блокноти агитатор» мебошад, ки соли 1938 зери сарпарастии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Аз ҳамин давра то имрӯз ба интишори он 70 сол пур мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» сӯҳбате дошт бо сармуҳаррири маҷалла Аскар Абдусамадов дар боби марҳилаҳои рушди он, ки мухтасарашро пешкаши хонандаи гиромӣ менамоем.      — Мӯҳтарам Аскар Абдусамадов, тавре маълум аст, маҷаллаи «Тоҷикистон» чанд марҳилаи фаъолиятро аз сар гузаронидааст. Аз назари Шумо, кадом марҳила муҳимтар аст?        — Муҳимтар аз ҳама марҳилаест, ки Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар заминаи чор маҷалла — «Агитатори Тоҷикистон», «Агитатор Таджикистана», «Коммунисти Тоҷикистон» ва «Коммунист Таджикистана», ки интишорашон қатъ ёфта буд, маҷаллаи «Тоҷикистон»-ро чоп мекард. Дар ин давра маҷалла аз 8-уми январи соли 1991, таҳти №5 дар Кумитаи давлатии ҶСШ Тоҷикистон оид ба матбуот ба қайд гирифта шуд.      — Боз кадом марҳилаҳоро метавон ном бурд?         — Имрӯз бисёре аз муштариён бо эҳсоси баланди ватандорӣ ба хотир меоранд, ки бо ибтикори КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳанӯз соли 1956 маҷаллаи «Тоҷикистон» ба нашр мерасид. Дар ин марҳила шоир ва мутарҷими тавоно, забондону луғатшиноси бомаҳорат Абдусалом Деҳотӣ сардабири он буд ва маҷалла бо сифату мӯҳтавои хуб пешкаши мизоҷ мешуд. Ин рисолатро ҳайати эҷодии маҷалла дар солҳои баъди истиқлолият низ идома доданд. Аз 8-уми октябри соли 1991 Корхонаи воҳиди давлатии саноатии меваю сабзавотпарварии Тоҷикистон-«Нури нав» сарпарастӣ ва муассисии маҷалларо бар ӯҳда гирифт. Бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми октябри соли 1997 то ин ҷониб корхонаи мазкур сарпарастии маҷалларо бар ӯҳда дорад.        — Умуман, аҳамияти маҷалла ва самти фаъолияти онро чӣ гуна баҳо медиҳед?      — Аз ҳар шумораи маҷалла, ки баъзе солҳо бо сабаби камбудии молӣ аҳён-аҳён интишор меёфт, матолиберо ёфтану хондан мумкин аст, ки аҳамияти калони сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ доранд. Ҳайати эҷодӣ кӯшиш намудаанд, ки бо интишори мақолаҳо ба забонҳои англисӣ, русӣ ва форсӣ дастовардҳои мардуми Тоҷикистонро дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ инъикос намоянд.      — Ҳадафи «Тоҷикистон» чист ва оё он метавонад ба тамоми мақсадҳои пешгузоштааш расад?     — То соли 2006 маҷалла соле 4 маротиба интишор меёфт. Аз соли 2007 мақсад гузошта шуд, ки он дар ҳар ду моҳ як маротиба ба табъ расонида шавад. Барои ба ин ҳадаф расидан, мо ба мардуми фарҳангдӯсти мамлакат умед бастем. Мехоҳем маҷаллаи «Тоҷикистон» то ҳадди имкон ба ҳар ҷамоаи меҳнатӣ рафта расад. Зеро «Тоҷикистон» ягона маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ аст, ки дар ҷумҳурӣ интишор меёбад. Ҳайати эҷодии маҷалла барои бештар гардонидани сафи муштариёну хонандагони хеш анъанаи пешгирифтаашонро идома дода, матолиби пурмазмуну шавқоварро аз соҳаҳои гуногун ба табъ мерасонанд.       — Хонандагони асосӣ ва муаллифони маҷалла бештар аз кадом табақаи аҳолиянд?       — Дар саҳифаҳои маҷалла ходимони намоёни давлатӣ, олимони варзидаи соҳаҳои иқтисодиёт, фалсафа, таърих, адабиёту фарҳанг аз рӯи масъалаҳои умдатарини имрӯзаи ҳаёти кишвар матолиберо ба табъ мерасонанд, ки қиммати баланди илмӣ доранд. Аз проблемаҳои рушди ҷомеа сухан мегӯянд, ки бешубҳа писанди ҳар хонандаи маҷалла мегардад. Муаллифони мо дар мақолаҳои худ он масоилеро мавриди муҳокима қарор медиҳанд, ки ба талаботи сиёсати имрӯзаи Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷавобгӯ мебошанд. Масалан, бо дастгирии Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи ҷумҳурӣ замимаи «Тоҷикистон»-маҷаллаи «Маориф ва ислоҳот» интишор меёбад. Матолибе, ки дар чор шумораи охири он ба табъ расид, аз ҷониби олимони педагогика, кормандони соҳаи маориф, муаллимону волидон дастгирии васеъ ёфт. «Маориф ва ислоҳот» тарғибгари сиёсати Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати амалисозии Барномаи ислоҳоти соҳаи маориф ва таълиму тарбия дар мамлакат гардид.        — Имрӯзҳо, ки дар кишвар шумораи маҷаллаҳо меафзояд, «Тоҷикистон» бо кадом роҳ метавонад мавқеи худро миёни ин нашрияҳо нигоҳ дорад?           — Дар ҳолати ҳар ду моҳ як маротиба интишор ёфтан, маҷалла имкони васеъ дорад, ки бо корхонаю ташкилот ва муассисаю созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ ҳамкориро бештар ривоҷ диҳад ва дар бораи дастоварду муваффақияти онҳо маводи ҷолиб ба табъ расонад. Маҷаллаи «Тоҷикистон» барои тоҷикистониён асту бояд дар ҳар як хонадони мардуми кишвар мавқеъ дошта бошаду хонандаи худро пайдо намояд. Мусоҳиб: Дилшодаи Ҷонмард, АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2008 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд