ТОҶИКИСТОН УЗВИ БОНКИ РУШДИ ЕВРАЗИЯ ГАРДИД
Душанбе, 22 декабр. ( АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Тоҷикистон ба узвияти Бонки рушди Еварзия қабул карда шуд. Айни ҳол бо мақсади ба роҳ андохтани ҳамкории мутақобилан муфид силсилаи ҳуҷҷатҳо таҳия карда мешаванд. Ин ҳуҷҷатҳо шартҳои фаъолияти Бонки рушди Евразияро дар Тоҷикистон ва ҳамкории онро бо бонкҳои мамлакат муайян менамоянд. Дар Бонки миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки қабули Тоҷикистон ба узвияти бонки мазкур имкон медиҳад, то барномаҳои муҳими давлатӣ амалӣ карда шаванд. Бонки рушди Евразия муассисаи молиявии байналхалқӣ мебошад, ки Ҳукуматҳои Русия ва Қазоқистон моҳи январи соли 2006 бо мақсади мусоидат ба рушди муносибатҳои бозаргонӣ ва иқтисодиёти давлатҳо, инчунин вусъати равобити мутақобалаи тиҷоратию иқтисодии онҳо созмон дода буданд Бонки мазкур бояд дар оянда яке аз воситаҳои рушди муносибатҳои молиявӣ дар минтақаи Евразия гардад. Ба туфайли он роҳу усулҳои самарабахши сармоягузорӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамгироӣ ва баробар кардани дараҷаи пешрафти иҷтимоию иқтисодии давлатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия таъмин карда хоҳад шуд. Маблағи дороии аввалияи бонк 1,5 миллиард доллар мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






