«ТОҶИКНИҲОЛПАРВАР» НОКУ ТОКУ ТУТ ПАРВАРИШ МЕКУНАД

Декабрь 2, 2008 14:39

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз соли 1973 ин ҷониб дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвари «Тоҷикниҳолпарвар» бо тарзи худмаблағгузорӣ самаранок фаъолият намуда истодааст. Айни замон дар 13 ноҳияи ҷумҳурӣ  13 адад хоҷагии махсуси ниҳолпарварӣ мавҷуд буда, навъҳои беҳтарини ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ороиширо парвариш менамоянд. Аз маркази матбуот ва иттиллоотии  Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки  корхонаҳои ниҳолпарвар ҳар сол зиёда аз 1,5-1,7 миллион бех ниҳоли себ, нок, ток, тут, субтропикӣ, ҳамешасабз, сояафкан, гулбуттаҳоро  парвариш намуда, пешкаши харидорон мегардонанд. Имсол барои шинонидан дар мавсими тирамоҳи соли 2008 ва баҳори соли 2009 ба миқдори 745,2 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш  ёфта истодааст. Аз  ҷумла, 449 ҳазор бех  ниҳоли мевадиҳанда, 136,2 ҳазор бех навъҳои беҳтарини ниҳоли ток, 59,2 ҳазор бех ниҳоли тут, 100,2 ҳазор бех ниҳоли ороишиву сояафкан барои бунёди боғу токзорҳо тайёр аст. Ниҳолҳое, ки дар  хоҷагиҳои махсуси ниҳолпарварӣ парвариш меёбанд, ба стандартҳои давлатӣ ва барои шинондан дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  мувофиқанд.

Декабрь 2, 2008 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад