ВАРЗИШГАРОНИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2008 МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Декабрь 22, 2008 16:13

                     Душанбе, 22 декабр.( АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ассотсиатсияи хабарнигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон руйхати 10 нафар варзишгарони беҳтарини соли 2008 — ро чоп кард. Раиси ассотсиатсия Нарзуллои Латиф ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба ин рӯйхат гӯштингир Юсуф Абдусаломов, дзюдочӣ Расул Боқиев, боксчиён Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов ва гурзпарто Дилшод Назаров шомил гардиданд.                    Инчунин варзишгарон Солеҳ Холназаров, Набимуҳаммад Хоркашев, Шаҳло Муҳаммадраҳимова, Акмал Қодиров ва Хуршед Маҳмудов ба ҷумлаи 10 нафар варзишгари беҳтарин дохил гардиданд. Қайд карда шуд, ки ба онҳо тӯҳфаҳо ва дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ассотсиатсияи варзишгарони соҳаи варзиши мамлакат супорида мешаванд.

Декабрь 22, 2008 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд