ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ТОҶИКИСТОН БА ОЗАРБОЙҶОН МЕРАВАД

Декабрь 3, 2008 08:49

        Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Тавре аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 3-юм то 5-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо иштироки вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои ТРАСЕКА конфронс баргузор мегардад. Конфронс ба 10-солагии ташкилёбии ин созмон бахшида шуда, дар кори он баррасии Созишномаи асосии бисёрҷониба (ОМС), инчунин масъалаи таҳкими минбаъдаи сохтори ТРАСЕКА дар раванди имкониятҳои нав ба нақша гирифта шудааст.       Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои баррасишаванда, дар чорабинии мазкур вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯр ва ноиби аввали раиси Ассотсиатсияи барномаҳои атомобилии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «АББАТ» Боймурод Эшонов иштирок мекунанд.  

Декабрь 3, 2008 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд