ВАЗОРАТИ МАОРИФ КИТОБҲОИ ДАРСИРО БА ИҶОРА МЕДИҲАД
Ҷалолиддини Румӣ, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Мувофиқи маълумотномаи мушовири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Б. Ғафуров, ба хонандагони макотиби таҳсилоти умумии ноҳия ба миқдори 227 125 нусха китоби дарсӣ дастрас карда шудааст, ки маблағи 837 777 сомонию 29 дирамро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки китобҳо барои се сол ба иҷора дода шуда, маблағи умумии иҷоравияшон бештар аз 410 990 сомониро ташкил медиҳад. — Аз маблағи номбаршуда 130 056 сомониву 67 дирам ба суратҳисоби махсуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шудааст,- омадааст дар маълумотномаи Б. Ғафуров.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






