ҚОНУН ДАР БОРАИ ШИРКАТИ СОҲИБМУЛКОНИ МАНЗИЛ ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАД

Январь 26, 2009 16:56

                           Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрҳуҷрагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», дар хусуси дароз намудани мӯҳлати баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз» аз масъалаҳое буданд, ки 26 январ дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев доир гардид, баррасӣ шуданд.                           Масъалаҳои мазкурро Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мирзошариф Исломиддинов ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи Маҷлиси намояндагон Шарофиддин Зоиров шарҳ доданд. Зикр шуд, ки ҳадафи қабули ин қонунҳо тақозои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ буда, ҷиҳати мукаммалгардонии санадҳои ҳуқуқию меъёрии кишвар нақши муассир мегузоранд.   

Январь 26, 2009 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад