1351 ТОННА КАМТАР ШОЛӢ ИСТЕҲСОЛ КАРДА ШУД
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар»иттилоъ доданд, ки соли 2008 нисбат ба соли 2007 ба миқдори 1351 тонна камтар ҳосили шолӣ ба даст оварда шудааст, ки он сабаби боло рафтани нархи ин намуди маҳсулот дар бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гардид. Ҳосилнокии шолӣ низ дар соли сипаришуда мувофиқи талаботи парвариши ин соҳа дар хоҷагиҳо ба роҳ монда нашуд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба соли 2007 дар хоҷагиҳои вилояти Суғд ба миқдори 0,6 сентнер, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -0,2 сентнерӣ камтар ҳосил гирифта шудааст. Шоликорони вилояти Хатлон бошанд бар акс, ҳосили шолиро ба 30,4 сентнерӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2007 аз ҳар гектар 4 сентнерӣ зиёд мебошад.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






