БИНОИ НАВИ ФАКУЛТАИ МЕЪМОРИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКӢ СОХТА МЕШАВАД

Январь 22, 2009 10:51

               Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ректори Донишгоҳи техникии ҷумҳурӣ Анвар Абдурасулов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дод, ки яке аз проблемаҳои ҷиддии имрӯза таъмини омӯзгорон ва донишҷӯён бо хобгоҳҳо ба шумор меравад. Зикр шуд, ки айни ҳол дар баробари сохтмони бинои таълимии факултаи меъмории донишгоҳ дар маҳаллаи Ҳаёти нав тармими бинои шашошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён дар маҳаллаи 33 — юм оғоз ёфтааст.               Сохтмони хобгоҳ ҳанӯз дар замони шӯравӣ оғоз ёфта буд. Имрӯз бо назардошти талаботи нави меъморӣ ба он дигаргуниҳо дохил карда шуданд. Аз хазинаи эҳтиётии Президент барои тармими хобгоҳ, сохтмони бинои нави факулта ва бо асбобу анҷоми зарурӣ таъмин кардани онҳо 2 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Сохтмони бинои нави факулта соли 2010 анҷом меёбад, гуфт А.Абдурасулов.  

Январь 22, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст