ДАР ДУШАНБЕ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Дубинина).- Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки теъдоди мактабҳои олии мамлакат соли 2009 бештар хоҳад гашт. Имсол дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов кушода мешавад. Ба қавли вазир, айни ҳол ихтисосҳое муайян карда шудаанд, ки донишҷӯёни тоҷик онҳоро дар факултаҳои таърих, филология, физикаю математика ва геологияи донишгоҳ меомӯзанд. Филиали донишгоҳ дар бинои собиқи Донишкадаи нақлиёт дар маркази шаҳр ҷой дода мешавад. Зимни сафари ояндаи вазири маориф А.Раҳмонов ба Маскав дар ҷараёни мулоқот бо ректори Донишгоҳи давлатии Маскав Виктор Садовничий масъалаҳои дигари ташкилӣ муҳокима ва ҳал карда мешаванд. Мо бояд то мулоқоти оянда ректори филиали донишгоҳро интихоб кунем. Донишҷӯён ба филиали донишгоҳ аз рӯи қарордод инчунин ба шӯъбаҳои буҷетӣ қабул карда мешаванд, гуфт вазири маориф.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






