ДАР ПОЙТАХТ АЗ СОКИНИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ ЗИЁДА АЗ 34 КИЛОГРАММ АФЮН МУСОДИРА ГАРДИД
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Тоҷиддин Қарчиеви 27-соларо барои интиқол ва фурӯши маводи нашъадор дастгир намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз борхалтаи дастгиршуда зиёда аз 34 килограмм афюн ёфт ва мусодира гардид. Оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






