ДАР ТЕҲРОН ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 14 январ. ( АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов ба хабарнигорон гуфт, ки вазири маорифи мамлакат Абдуҷаббор Раҳмонов ояндаи наздик барои боздиди корӣ ба Эрон хоҳад рафт. Дар ҷараёни мулоқоти ӯ бо вазири маорифи ин мамлакат масъалаи кушодани филиали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Теҳрон баррасӣ карда мешавад. Қайд карда шуд, ки тибқи паймони дуҷониба имсол 50 донишҷӯи тоҷик ба Эрон фиристода шуд ва онҳо дар мактабҳои олии ин мамлакт таҳсил мекунанд. Ф.Раҳимов зикр намуд, ки роҳбарияти вазорат барои ҳалли проблемаи нарасидани кадрҳо тадбирҳои самарабахш меандешад. Ба қавли ӯ соли гузашта дар мактабҳои мамлакат қариб 7 ҳазор муаллим намерасид. Имсол шумораи онҳо қариб ду баробар кам шуд. Ин натиҷаи тадбирҳоест, ки дар вазорат ба манфиати мутахассисони ҷавон андешида мешаванд. Бо вуҷуди ин айни ҳол дар 126 мактаби миёна омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, забону адабиёти тоҷик, математика , физика, химия ва биология намерасанд, гуфт муовини аввали вазир. Зимни сӯҳбат хабар дода шуд, ки гурӯҳи омӯзгорони мактабҳои олӣ ва олимони тоҷик барои иштирок дар анҷумани шашуми омӯзгорони забону адабиёти форсу тоҷик ба Эрон рафтанд. Анҷумани мазкур бо ташаббуси вазорати фарҳанги Эрон гузаронида мешавад. Дар он намояндагони бештар аз 50 мамлакат ширкат меварзанд, гуфт дар хотима Фарҳод Раҳимов.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






