ДУ АГРЕГАТИ НБО ҚАЙРОҚҚУМ АЗ НАВ БАРҚ ТАВЛИД КАРД
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Корҳои барқарорсозӣ ва дубора ба кор андохтани Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум аз ҷониби мутахассисон идома дорад. Дирӯз, 15 январ, баъд аз таъмир намудан ва анҷом додани корҳои барқарорсозӣ дар ин нерӯгоҳ 2 агрегат аз нав ба кор даромад. Тавре ба мухмири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, аз имрӯз сар карда сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бар асари садама аз интиқоли барқ маҳрум шуда буданд марҳила ба марҳила бо барқ таъмин мегарданд. Хотиррасон мекунем, ки 13 январ қабати поёнии иншооти нерӯгоҳи мазкур дар ҳолати садама зери об монда, агрегатҳо аз кор бозистоданд, ки дар натиҷа аксари сокинони минтақа бе барқ монданд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






