ФАРРУХ АМОНАТОВ – ДАР САДГОНАИ БЕҲТАРИН

Январь 7, 2009 09:28

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) рӯйхати шоҳмотбозони беҳтарини ҷаҳонро дар соли 2009 нашр кард. Шоҳмотбози тоҷик, гроссмейстери дараҷаи байналмилалӣ Фаррух Амонатов дар ин рӯйхат бо 2647 хол мақоми 78-умро касб кард.  Дар ин рӯйхат 102 шоҳмотбозӣ беҳтарини ҷаҳон шомил шудаанд.Унвони шоҳмотбози беҳтарини сайёра тибқи ин рӯйхат насиби варзишгари булғор Веселин Топалов гардид. Ба сегонаи беҳтарин, инчунин шоҳмотбози ҳиндустонӣ Вишванатан Ананд ва  шоҳмотбози укроинӣ  Василий Иванчук дохил шуданд.            Дар байни шоҳмотбозони тоҷик чун пештара Фаррух Амонатов дар мақоми аввал мебошад. Мақомҳои ифтихориро  Ҷамшед Исоев ва  Муҳаммад Ҳусейнзода низ касб карданд.  Аз байни занон сегонаи беҳтаринро Елена Нуриддинова, Шаҳноза Умарова ва Надежда Антонова ишғол намуданд.  

Январь 7, 2009 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид