ХАРОҶОТИ СОХТМОН КАМ КАРДА МЕШАВАД

Январь 21, 2009 13:15

           Душанбе, 21 января. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар давраи ҳисоботӣ ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон 607 лоиҳа барои ташхис пешниҳод гардид. Баъди омўзиши мутахассисони Раёсат 590 лоиҳа аз ташхис гузашта, 1 лоиҳа мавриди омўзиш қарор дорад, 4 лоиҳаи дигар барои таҳлилу такмил баргардонида шуд.           Дар ин давра, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 182 бино, аз ҳисоби инвеститсияи хориҷӣ 24 бино, аз ҳисоби шахсони воқеӣ 365 бино ва аз ҳисоби грантҳо 23 бино сохта шуд. Аз он ҷумла, соли гузашта биноҳо ва иншоотҳои муҳим, Боғи устод А.Рўдакӣ ва биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе, НБО «Сангтўда-1», меҳмонхонаи 5- ситорадор дар шаҳри Душанбе, «Қасри ҷавонони пойтахт» дар кўчаи Мирзо Турсунзода, тармими роҳи мошингарди Душанбе- сарҳади Қирғизистон, мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ғайра ба ҳисоб мераванд.             Дар ин давра ба масъалаи кам кардани хароҷоти сохтмон, аз ҳисоби буҷети давлатӣ аҳмият ҷидди дода шуд. Дар натиҷа хароҷоти умумии сохтмон беш аз 81 миллиону 600 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.            Инчунин харҷномаи ҳисоби умумии сохтмони НБО «Сангтўда-1» аз 598,8 миллион доллари ИМА то ба 486,6 миллион доллар коҳиш ёфт, ки сарфаи хароҷоти 112,2 миллион доллари ИМА ё 383,8 миллион сомониро ташкил дод.  

Январь 21, 2009 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст