ИДОМАИ МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Субҳи имрўз идомаи Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоботи Сардори Раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Абдураҳим Холиқов оғоз ёфт. Зикр гардид, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кам кардани хароҷоти беҳудаю бемаънӣ ва нисбатан баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум мусоидат намуд. Аз ҷумла, дар давраи татбиқи Қонун беш аз 2,5 миллиард сомонӣ ба манфиати мардум аз хароҷоти нораво сарфа карда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра беш аз 68 ҳазор сар чорвои калон аз забҳ боздошта шуд, ки садди роҳи болоравии нархи гўшт дар бозор гардид. Бо кам шудани хароҷот, шумораи маъракаҳои хурсандӣ ва хонадоршавии қонунии ҷавонон хеле афзун шуд, зеро пеш аксари онҳо имкони гузаронидани тую маъракаҳои серхароҷотро надоштанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар татбиқи бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама бояд мансабдорону соҳибкорон намунаи ибрати дигарон бошанд. Сипас ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли 2008 дар қаламрави вилоят ду мактаби нав барои 9 ҳазор нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд. Дар ин мўҳлат дар вилоят 31700 ҷойҳои нави корӣ бунёд ёфтааст ва имсол тибқи нақша бояд беш аз 70 ҳазор ҷойҳои корӣ муҳайё шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз камбудию норасоиҳои ҷиддӣ низ ёдовар шуда, баҳри барқарор ва ба кор даровардани дегхонаҳои буғии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои таъмини гармӣ, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи барқу газ аз аҳолӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои обии бекормонда ва дар қисме аз онҳо бунёд намудани боғҳои зардолу, вусъат додани кишти такрорӣ, сабзавоткорӣ, шоликорӣ, аз ҳолати ногувор баровардани бахши пахтакорӣ, бо техникаю дигар маводи зарурӣ саривақт таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ва ҳамчунин оид ба барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ ва бунёди корхонаҳои нав ба Ғайбулло Авзал супоришҳои қатъӣ дод. Раиси ноҳияи Бохтар Абдулмумин Улфатов ва раиси ноҳияи Ҷиликул Эшбурӣ Эсанқулов аз вазифа озод карда шуданд. Дар ҳисоботи раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев зикр гардид, ки имсол дар майдони беш аз 40 ҳазор гектар ғалладона кишт карда мешавад. Дар 33 ҳазор гектар кишти тирамоҳии ғалладона гузаронида шудааст. Соли 2008 дар 458 гектар боғҳои нав бунёд ёфтааст. Дар ин мўҳлат дар ноҳия 670 ҷойи нави корӣ муҳайё гаштааст ва дар соли равон ин нишондод бояд 2-3 баробар зиёд шавад. Раиси шаҳри Кўлоб Ҳамид Абдуллоев дар ҳисоботи худ иттилоъ дод, ки имрўз аз 22 корхонаи саноатии шаҳр 21 тоаш фаъолият мекунанд. Дар соли 2008 2127 ҷойҳои нави корӣ бунёд ёфтааст ва имсол бояд зиёдтар шавад. Аҳолии шаҳри Кўлоб айни ҳол 21 ҳазор метри мукааб гази табиӣ аз конҳои Балҷувон ва Хоҷасартез гирифта истодаанд, ки 70 фоизи талаботро ташкил медиҳад. Дар шаҳр ҳамчунин 15 нуқтаи фурўши гази моеъ фаъолият мекунад. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, ғамхорӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, барқарор намудани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва бунёди корхонаҳои нав, васеъ намудани майдони боғутокзор, ривоҷ додани сабзавоткорӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ ва беҳтар намудани шароит барои хоҷагиҳои пахтакор супоришҳои қатъӣ дода шуд. Дар ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зикр гардид, ки дар дар соли 2008 дар вилоят 30400 ҷойи нави корӣ бунёд ёфтааст, ки 616-тои он ба соҳаи саноат рост меояд. Дар соли равон бояд 35 ҳазор ҷойҳои нави корӣ маҳайё шаванд. Дар 17 гектар замин гармхонаҳо бунёд ёфтаанд, ки ба таъмини аҳолӣ бо сабзавоти барвақтӣ дар зимистону баҳор мусоидат мекунанд. Ҳамчунин ҳисоботи раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шунида шуд. Раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд — Муҳаммадҷон Мамадҷонов, Айнӣ – Шодиқул Бобоҷонов, Бобоҷон Ғафуров – Абдузафар Иномов ва Спитамен – Раҳбарой Ҷамолова аз вазифа озод карда шуданд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зимни ҳисоботҳояшон оид ба вусъат додани корҳои ободонӣ, кишти тирамоҳии ғалладона ва сабзавоти барвақтӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва такрорӣ ривоҷ додани парандапарварӣ, боғутокпарварӣ, картошкапарварӣ ва парвариши занбўри асал супоришҳои мушаххас дода шуд. Зимни ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр гардид, ки дар соли 2008 дар пойтахт зиёда аз 20 ҳазор ҷойҳои нави корӣ бунёд ёфтааст ва соли равон шумораи ҷойҳои нави корӣ бояд ба 25 ҳазор расад. Сохтмони манзили истиқоматӣ низ вусъат меёбад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тўл кашидани омодасозии Нақшаи генералии пойтахт, зиёд шудани шиддатнокии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои шаҳр, пардохти нокифояи маблағҳои истифодабарии барқу газ аз ҷониби аҳолӣ ва дигар мушкилоти ҷиддӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раисони ноҳияҳои он баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва ҷоннок кардани кор дар ҳамаи самтҳои фаъолият супоришҳои мушаххас дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.