IFC БА ҶОРИКУНИИ КОДЕКСИ ИДОРАКУНИИ КОРПОРАТИВӢ ДАР ОМ МУСОИДАТ МЕКУНАД

Январь 26, 2009 15:07

                Душанбе, 26 январ. (НИАТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Ташкилоти Байналхалқии Молиявӣ (IFC), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, тавассути омузонидани малака барои таҳияи кодекси идоракунии корпоративӣ барои шахсони алоқаманд дар Осиёи Марказӣ таҷрибаи кодекси корпоративиро ҷори карда истодааст. Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон семинари аввалини Авроосиё оид ба таҳияи кодекси идоракунии корпоративӣ баргузор гардид.                 Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои ҳукуматӣ ва сохтори хусусӣ аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷамъ омаданд. Семинар якумин чорабинӣ барои мусоидат кардан ба рушди кодекси идоракунии корпоративӣ дар минтақа бо дарназардошти таҷрибаи ҳам минтакавӣ ва ҳам байналхалқӣ буд.  Коршиносони соҳаи идоракунии корпоративӣ аз Олмон, Африка, Болгария ва Форуми Глобалии Идоракунии  Корпоративӣ аз таҷрибаи амалии худ ба иштирокчиён нақл карданд.                Пас аз семинар иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доданд, ки дар кишвар мизи мудавваре ташкил намуда, ба он барои баррасии таҳияи Кодекси миллии идоракунии корпоративӣ намояндагони Ҳукумати ҶТ, сохторҳои хусусӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони алоқамандро даъват намоянд.                Соли 2007 IFC бо мақади рушди таҷрибаи ширкатҳои саҳҳомӣ, бонкҳо ва кӯмак ба онҳо дар пешрафти фаъолият ва тавоноӣ баҳри ҷалби сармоя ва маблағгузорӣ Лоиҳаи Идоракунии корпоративиро дар Осиёи Марказӣ оғоз намуд. То имрӯз Лоиҳа ба зиёда аз 1,100 нафар аз тақрибан 300 ширкат дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди таҷрибаи идоракунии корпоративӣ машварат расонид ё омӯзонид                IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гуруҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷахонӣ, ба мардум барои аз байн бурдани камбизоатӣ ва беҳтар намудани зиндагиашон кӯмак мерасонад. Тавассути дастгирии рушди сохтори хусусӣ ва сафарбаркунии сармояи хусусӣ, инчунин расонидани машварат ва хизмат оид ба идораи хавф ҳам ба сохтори хусусӣ ва ҳам ба ҳукуматҳо ба рушди устувори иктисодӣ мусоидат мекунад. Инвеститсияи IFC дар соли молиявии 2008 16.2 млрд доллари ШМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 34% зиед мебошад.    

Январь 26, 2009 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад