МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ МУНШИИ УМУМИИ СААД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов дирӯз дар Душанбе бо муовини Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ А.Базавлюк мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон омадааст. Аз вазорати мудофиа ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ташаккули роҳу воситаҳои ташкили мубориза ба муқобили таҳдидҳо ва зуҳуроти замони ҳозира дар доираи СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи навбатии созмонро муҳокима карданд, ки соли равон дар Маскав баргузор мегардад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






