МУШКИЛОТИ ОБЁРИИ ЗАМИНҲО ҲАЛШАВАНДААСТ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои сармутахассиси Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Шариф Тиллоев, дар давоми солҳои 2005- 2008 тавассути маблағгузории Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ обёрии заминҳои корам дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон роҳи ҳалли мушкилоти мавҷударо пайдо кард. Аз 147828 гектар масоҳати умумии заминҳои корами ин минтақа, ки 68 ҳазору 382 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд, қисми зиёди он бо об таъмин карда шудааст. Соли 2008 дар ноҳияи Восеъ дар масофаи 17 км соҳилҳои Ёхсу, Сурхоб, Кӯлобдарё бо иштироки 1250 нафар сокинони ин минтақа тоза карда шуд. Дар ин давра корҳои таъмиру тоза намудани заҳкашу заҳбурҳо, иншоотҳои обтақсимкунӣ, обченкунӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр ва новаҳои бетонии харобгардида аз нав барқарор карда шуданд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






